Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023 12 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи лоиҳаҳои грантӣ ва созишномаҳои ҳамкорӣ ташрифи меҳмонон ва олимону коршиносони хориҷӣ сурат гирифт, зикр намуд Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим, ректори донишгоҳи мазкур. Дар ин бора Дилноза Сатториён хабарнигори радиои «Овози тоҷик» аз рафти нишасти хабарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бинобар иттлои ректор, дар соли хониши 2022 — 2023 12 нафар донишҷӯи Донишгоҳ дар барномаи мубодилаи Донишгоҳи менеҷменти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, 6 нафар донишҷӯ дар нимсолаи дуюми соли хониши 2022-2023 дар Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Русия, Донишгоҳи давлатии Петрозаводски Федератсияи Русия, Донишгоҳи давлатии Бошқирзистон, Мактаби олии иқтисодии Перми Донишгоҳи миллии тадқиқотии Федератсияи Русия, Донишгоҳи Нархози Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи татбиқи 1 лоиҳаи грантӣ татбиқ шуда истода, таҳияи маводи таълимию методӣ ва ташкили курсҳои такмили ихтисос ба нақша гирифта шудааст.
Айни ҳол дар Донишгоҳ беш аз 900 донишҷӯи хориҷӣ аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Русия дар гурӯҳҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил намуда истодаанд.
Ҳамкории Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимию илмӣ ва ташкилотҳои хориҷи кишвар дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ҷоннок гардидааст.