Санаи 2 декабри соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии созишномаҳои грантӣ бо Бонки Осиёии Рушд барои татбиқи лоиҳаҳои зербарномаи дуюми «Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим ва афзоиши имкониятҳои шуғли сабз» – дар ҳаҷми 50,0 млн доллар (барои дастгирии буҷет), «Барномаи рушди соҳаи молиявӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода бо дарназардошти равиши бисёрсатҳии идоракунии хавфҳо» – дар ҳаҷми 28,2 млн доллар, инчунин «Идоракунӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ» дар ҳаҷми 17,0 млн доллар, ки дар маҷмӯъ маблағи умумии созишномаҳо 95,2 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад, баргузор гардид.
Созишномаҳои мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон – Ко Сакамото ба имзо расониданд.
Мақсади асосии лоиҳаҳои болозикр ин дастгирии рушди соҳибкории хусусӣ, бахусус корхонаҳои хурду миёна тавассути беҳтарсозии муҳити соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории мутобиқ ба иқлим, пешбурди рақамикунонӣ ва таҳкими идоракунии молиявӣ бо ҳадафи расидан ба рушди устувор ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим, таҳкими устувории молиявӣ, пешбурди ислоҳоти молиявӣ, густариши бозори суғурта ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин беҳтарсозии идоракунии чарогоҳҳо бо дарназардошти устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, мебошад.



