Ба андешаи Доналд Трамп, президенти ИМА, буҷаи низомӣ ҳаҷмаш 1,5 триллион доллар ба Вашингтон имкон медиҳад, ки «неруҳои мусаллаҳи орзуӣ»-ро таъсис диҳад. Афзоиши буҷа бояд аз ҷониби Конгресси ИМА тасдиқ карда шавад.
Буҷаи ҳарбии Иёлоти Муттаҳида барои соли 2027 бояд 1,5 триллион долларро ташкил диҳад. Дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи чоршанбе, 7 январ, дар шабакаи иҷтимоии Truth Social изҳори итминон кард.
Ин рақам ба таври назаррас аз 901 миллиард доллар (771 миллиард евро), ки аз ҷониби Конгресс барои соли 2026 тасдиқ шудааст, зиёдтар мебошад, хабар додааст агентии Reuters.
Ба гуфтаи Трамп, ӯ ин қарорро «пас аз музокироти тӯлонӣ ва душвор бо сенаторҳо, конгрессменҳо, котибон (сарони идораҳои иҷроия) ва дигар намояндагони сиёсӣ» қабул кардааст. Ба иддаои роҳбари Кохи Сафед, ин иқдом ба Вашингтон имкон медиҳад, ки «неруҳои мусаллаҳи орзуӣ»-ро бунёд намуда, «амният ва тартибот»-ро таъмин кунад. Афзоиши хароҷот, ба гуфтаи ӯ, «ба шарофати боҷҳои гумрукӣ» имконпазир мегардад. Ҳамзамон, Трамп изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад коҳиши қарзи давлатиро идома дода, ба амрикоиҳо бо «даромади миёна» дивидендҳо пардохт намояд.
Дар ҳамин ҳол, ҳар гуна зиёд кардани буҷаи ҳарбӣ тасдиқи Конгресси ИМА-ро талаб мекунад, таъкид мекунад Reuters, бо ёдоварӣ аз он ки дар айни замон ҷумҳурихоҳон ҳам дар Сенат ва ҳам дар Палатаи намояндагон аксарияти ночиз доранд.



