Нашрияи бонуфузи Австралия Lonely Planet “Сайёраи танҳо”, ки бо теъдоди 6 миллион адад нашр мешавад, Тоҷикистонро ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» (Best in Travel 2026) ҷой додааст.
Дар заминаи «Hike and wild camping in Tajikistan» (Гаштугузор ва хаймазанӣ дар табиати Тоҷикистон) ба сайёҳон тавсия дода шудааст, ки аз манзараҳои дилрабои кӯҳӣ, табиати нотакрор ва меҳмоннавозии самимии сокинони маҳаллӣ боздид кунанд.
Нашрияи «Lonely Planet», ки дар Мелбурни Австралия воқеъ аст ва яке аз расонаҳои муътабари сайёҳӣ ба шумор меравад.
Эътирофи байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ бозгӯи табиати ғанию нотакрор, таъриху фарҳанги куҳан, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ маҳсуб мешавад.
Бахтовари Шарифӣ,
радиои “Овози тоҷик”



