Эрон бо афзоиши муомилоти тиҷории 28 дарсадӣ дар соли гузашта, ки 484 млн долларро ташкил дод, ба панҷгонаи шарикони тиҷоратии Тоҷикистон шомил шуд. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, асосан маҳсулоти нафтӣ, металҳои сиёҳ, таҷҳизоти технологӣ, маҳсулоти ғизоӣ ва ғайра ворид гардиданд. Маҳсулоти содиротӣ ба Эронро асосан нахи пахта ташкил додааст. Чанде қабл Вазорати умури хориҷаи кишвар хабар дод, ки низоми раводид миёни ронандагони ҳамлу нақли байналмилалии ҳарду кишвар аз байн бардошта шуд ва ронандагони ҳар ду кишвар метавонанд, бидуни раводид дар ҳар давраи 90-рӯза 30 рӯз дар қаламрави якдигар бимонанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳои ду кишвар бо сафари Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон вориди марҳилаи нав гардид ва дар ин дидор 13 санади ҳамкорӣ бо маблағи 450 млн доллар ба имзо расид.
Абдурофеъ Шарифиён,
“Овози тоҷик”



