16 январи соли 2026 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ҷаноби Ҷонибек Ҳикмат бо Маъмури навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН) ҷаноби Александр де Кроо вохӯрӣ анҷом дод.
Ҷонибҳо роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории чандинсолаи Тоҷикистон ва ПРООН-ро баррасӣ намуда, ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои калидии афзалиятнок, аз ҷумла баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо, табдили рақамӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ, инчунин густариши истифодаи роҳҳалҳои энергетикаи сабз таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон ҷаноби Ҳикмат, ки ҳамзамон муовини раиси Бюрои Шӯрои иҷроияи ПРООН мебошад, ва Маъмур де Кроо аҳаммияти ташаббуси СММ-80-ро таъйид карда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар татбиқи он изҳор доштанд.



