Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон хабарҳо дар бораи омодагӣ барои ҳамла ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар минтақаи Ховари Миёнаро рад кард ва онро «идомаи сиёсати Амрико барои барангехтани ҷанг дар минтақа» тавсиф кард.
Вазорати хориҷаи ИМА дар саҳифаи форсии худ дар шабакаи иҷтимоии X (Твитери пешин) навишт: «Мо хабарҳоеро шунидем, ки Ҷумҳурии Исломӣ имконоти ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои Амрикоро омода мекунад.»
Дар посух ба ин гузориш, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт: «Албатта, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳар як иқдоми хашмгин бо қувват ва зӯр посух хоҳад дод.»
Танишҳои ахир миёни Эрону Амрико пас аз изҳороти мақомомҳои Кохи Сафед боло рафт ва вокунишҳои зиёдеро ҳам аз сӯи Ҷумҳурии Исломӣ ба бор овард. Ба тозагӣ неруҳои низомии Амрико аз пойгоҳи амрикоии “Айнуласад” дар Ироқ хориҷ шуданд. Аббоси Ароқчӣ, вазири хориҷаи Эрон аз ин хуруҷи низомиёни амрикоӣ истиқбол кард.



