Имсол дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, “ин ҳамоиш ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад”.
Интизор меравад ин ҳамоиши байналмилалӣ дар ноҳияи Восеъ бо ҳузури таърихнигорону бостоншииносони кишварҳои гуногун баргузор шавад.
Гуфта мешавад, дар чорчӯби баргузории Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» якчанд ҳамоишҳо, аз ҷумла Конфронси «Мавқеи Хутали қадим дар пешрафти таърихи миллати тоҷик» қарор аст барпо шавад. Ҳамчунин сабти филм дар робита ба шаҳрҳои Хутали қадим низ тарроҳӣ шудааст.
Хуттали Қадим 12 июли соли 2025 дар 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Порис ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим 5-умин мавзеи Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.
Радиои «Овози точик»



