Абдураҳмони Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон тайи суханронии маҷозиаш дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2026 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон гуфт, “кишварҳои иштирокчии СПЕКА (Барномаи вижаи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ) беш аз 35 фоизи гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд”.
Ба гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ин форум дар мавзуи «Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод: пайвастагии минтақавӣ барои рушди устувор» дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон баргузор гардид.
Абдураҳмони Абдураҳмонзода афзуд: “имконоти маҷуда ҳанӯз пурра истифода нашудаанд”.
Форуми иқтисодии СПЕКА (Барномаи вижаи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ) мебошад, ки ҳамасола дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мегардад. Ин форум дар Тоҷикистон соли 2024 дар мавзуи «Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА» баргузор гардида буд.



