Имрӯз, 14 ноябр маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии «Тавозун»-ро дар мавзӯи «Ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мониторинги иҷрои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор намудем.
Шаҳло Акобирова, директори ТҶ «Хома» бо намояндагони FCDO ва ACTED бобати зарурати ин мавзӯъ ишора карданд.
Манучеҳра Маҷон, сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо саҳми тарафҳои манфиатдор, дар татбиқи Стратегия таъкид кард.
Хайриниссо Расулова, узви Раёсати ТҶ «Арзёбӣ барои рушди устувор» ва Мавзуна Каримова, доктори илмҳои иқтисодӣ зимни маърӯзаҳои хеш зикр карданд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад дар арзёбии мустақили дастовардҳо, мушкилот ва монеаҳои татбиқи Стратегия ҳиссагузор бошад.
Коршинос Уктам Ҷумаев бобати усулҳои мониторинг ва арзёбии нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушд гуфт. Ба ҷуз баҳсу баррасиҳо, рӯзноманигорон ба суолҳои худ посух дарёфт карданд, ки дар матолиби худ истифода мекунанд.