Имрӯз, 20 январ Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар бо хонум Кэтрин Смиттон сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон дидор намуд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки ҳамкории бештар дар самтҳои иқтисодиву тиҷорӣ, сармоягузорӣ, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ, маориф ва ғайра ҷоннок гардад. Тарафҳо аз раванди мусбати тавсеаи равобити иқтисодии байни ду кишвар ибрози ризоият карданд ва афзоиши гардиши савдои дуҷониба дар соли гузаштаро ба унвони як нишондиҳандаи муҳим зикр намуданд. Ҳамчунин тарафҳо масъалаҳои густариши содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Британияи Кабир, истифодаи васеи имтиёзҳои тиҷоратии ин кишвар барои давлатҳои рӯ ба рушд ва дигар масоилро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Соли гузашта ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Британияи Кабир қариб 30 млн долларрро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024-ум 37 дарсад бештар будааст.
Абдурофеъ Шарифиён,
Овози тоҷик



