Санаи 26 марти соли 2026 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир мулоқоти Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/Мудири кишварии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд — хонум Натали Ларрус ва хонум Ксения Брокман баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба рушди бозори сармоя, маблағгузории “сабз”, ташаккули низоми муосири бозори сармоя ва ҷорӣ намудани механизмҳои нави молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Илова бар ин, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дастгирии барориши вомбаргҳои давлатии “сабз”, таҳияи чаҳорчӯби ҳуқуқӣ ва методологӣ барои коғазҳои қиматноки “сабз” ва устувор, рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ бо асъори миллӣ, рушди бозори карбон ва ба бозори сармоя баровардани корхонаҳои давлатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.



