Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» чорабинӣ баргузор гардид. Дар кори он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва зерсохторҳои вазорат, масъулини кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалии тандурустӣ ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок намуданд. Дар доираи «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ»
шаҳрвандон аз ҷониби табибон бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба ташхису муоина ва машварати ройгон фаро гирифта мешаванд. Едовар мешавем, ки аксияи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 то 10-уми апрели соли равон дар саросари кишвар баргузор мегардад. Дар доираи чорабинии мутамарказонидашуда то санаи 10 апрели соли равон ҳамзамон як қатор чорабиниҳои дигар, аз ҷумла семинару машваратҳо ва дигар чорабиниҳои солимгардонӣ дар назар дошта шудааст.
Дилнозаи Абдумалик
Радиои “Овози тоҷик”



