
Ҳамчунин, дар ҷаласа вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Узбекистон, котиби Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ, котиби Шӯрои вазирони дифои ИДМ ва котиби генералии ИДМ иштирок доштанд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои низомӣ дар шароити кунунӣ баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа ҳадафҳои ҷорӣ ва ояндаи рушди системаи муштараки ҳарбӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо дар шароити имрӯза боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштаракро муҳим арзёбӣ карданд.
Пас аз ҷаласа қарорҳои Шӯрои вазирони мудофиа, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои низомӣ ва тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои иштирокчиёни Иттиҳод нигаронида шудаанд, имзо шуд.

Маврид ба зикр хос аст, ки дар доираи чорабинии мазкур вохӯрии вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ бо вазири мудофиаи Федератсияи Русия Андрей Белоусов доир гардид.

Зимни мулоқот ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷониба ва масъалаҳои муҳими минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.



