6 апрели соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими расмии ифтитоҳи сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷ ва дохили кишвар, шарикони рушд, инчунин меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуданд.
Фестивал — намоишгоҳ бо сухани ифтитоҳии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, чорабинии байналмилалиро нишонаи рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар соҳаи маориф ва илм арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки фестивали мазкур дар як муддати кӯтоҳ ба як формати беназири байналмилалии муколама табдил ёфта, барои ташаккули модели нави рушди таҳсилот, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам мусоидат менамояд.
Муовини Сарвазир ҳамчунин таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва таҳдидҳои муосир, рушди ҳамгироии илму маориф, технология ва инноватсия аҳаммияти калидӣ дошта, маҳз тавассути чунин платформаҳо метавон заминаи рушди устувори ҷомеа ва иқтисодиётро таъмин кард.
Дар идома вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд кард, ки фестивал ҳамчун майдони муаррифии имкониятҳои таҳсил, барқарорсозии робитаҳои мустақим байни донишгоҳҳо ва рушди ҳамкориҳои илмӣ ва инноватсионӣ хизмат намуда, барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла, дипломҳои дугона, таъсиси факултетҳои муштарак ва роҳандозии лоиҳаҳои илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки сифати низоми таҳсилот ва эътирофи байналмилалии он яке аз омилҳои асосии муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, мутахассисони соҳибкасб кафили рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Баъди анҷоми қисми расмӣ, иштирокчиён аз намоишгоҳи донишгоҳҳои хориҷӣ дар Маркази «ЭКСПО-Душанбе» боздид намуда, бо имкониятҳои таҳсил, барномаҳои таълимӣ ва пешниҳодҳои стипендиявии муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз кишварҳои гуногун шинос гардиданд.



