10 апрели 2026 зимни иштирок дар ҷаласаи масъулини аршад барои омодагӣ ба нахустин Саммити сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея», муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея хонум Ий Ҳэ Сисилиа Чон мулоқот кард.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Кореяро баррасӣ карданд.
Ҳамсуҳбатон ҳамчунин роҷеъ ба омодагӣ ба нахустин Саммити сарони давлатҳои қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.



