Дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини рушди устувор» ба кори худ оғоз намуд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ислом Зоирзода оғоз бахшид. Ӯ зимни суханронии худ аҳамияти ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро дар соҳаҳои гуногун таъкид намуда, нақши муҳими онҳоро дар ноил шудан ба рушди устувор зикр кард.
Ҳамчунин, дар конфронс муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода муҳимияти рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро дар кишвар таъкид карда, нақши онҳоро дар ташаккули ҷомеа ва иқтисоди муосир муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳадафи конфронс баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои вобаста ба рушди рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ, муайян намудани нақш ва аҳамияти онҳо ҳамчун модели нави рушди устувор, инчунин густариши ҳамкориҳои илмӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ҷиҳати мубодилаи таҷриба, дониш ва натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ мебошад.
Таҳмина Амонова, радиои «Овози тоҷик»



