Имрӯз,15 амрел дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ баргузор шуд.
Ин ҳамоиш дар чорчӯби эъломи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) доир гардид.
Ба иттилои Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, дар машғулияти омӯзишӣ мутахассисони намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва танзими имзои электрониро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» тавзеҳ доданд.
Дилором Ҳомидова, пажӯҳишгари намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе иброз намуд, ки «истифодаи зеҳни сунъӣ барои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ имконияти нав фароҳам меорад».
Рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон ба унвони «яке аз ҷиҳатҳои калидии сиёсати давлати Тоҷикистон» қаламдод мешавад ва баҳрабардорӣ аз ҳуши маснӯъӣ дар ин замина ба назар мерасад.



