Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содиротиву воридотии давлатии Австрия оид ба лоиҳаи таҷдиди «Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ дар шаҳри Душанбе» ба имзо расонида шуд.
Қобили тазаккур аст, ки маблағи созишномаи қарзи имтиёзнок 10 млн Евроро ташкил намуда, барои муҷаҳҳазгардонии Маркази илмии саратоншиносии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти ташхисии соҳавии истеҳсоли кишварҳои Аврупо, инчунин такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи саратоншиносӣ равона карда мешавад.



