Имрӯз, 22-юми апрел дар меҳмонхонаи «Румӣ» маросими баимзорасонии шартномаи ҳамкорӣ миёни Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ва ширкати «МегаФон Тоҷикистон» баргузор гардид.
Шартномаи ҳамкориро Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ва Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Далер Наимов ба имзо расониданд. Бар асоси қарордод ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мусобиқаҳоеро, ки таҳти сарпарастии Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон баргузор мешаванд, дастгирӣ хоҳад кард.
Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Далер Наимов изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкорӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон пурсамар ва муваффақ хоҳад буд.
Баъди имзои қарордод директори ЛФКНТ Абдулло Соқиев ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои ҳамкорӣ миннатдорӣ баён кард.
Акс аз ФФТ



