21 майи соли 2026 дар Вазорати корҳои дохилӣ якумин конференсияи илмӣ-амалии байналмилалии “Масоили мубрами назария, қонунгузорӣ ва амалияи муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир” бахшида ба 35 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конференсия вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, профессор Ализода Зариф, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Саидвализода Барно Саиднабӣ, муовини сардори Донишкадаи таҳқиқоти криминологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессор Нигматов Руфтулло Олимджонвич, муовини сардори Донишгоҳи ВКД Россия оид ба илм дар шаҳри Санкт-Петербург, профессор, полковники политсия Бавсун Максим Викторович (ба таври маҷозӣ), доираи васеи олимони соҳаи ҳуқуқ ва унвонҷӯён аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки бо пешрафти илму техника, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таҳдидҳои ҷинояткорӣ низ тағйир гардидааст. Чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки таҷрибаи ҳамдигар омӯхта шавад ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм, экстремизми хушунатомез, савдои одамон ва киберҷиноятҳо ба роҳ монда шавад.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиёни конференсия оид ба мавзӯҳои назария, амалия, воқеияти муқовимат ба ҷинояткорӣ, таъсири ҳуқуқи ҷиноятии байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ, татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ, таъсис ва амали гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ дар кушодани ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар мавзӯҳои муҳим маърӯза намуданд.
Конфересия дар фазои озоди илмӣ ва мубодилаи афкори судманд баргузор гардида, барои иштирокчиён ҳамчун як заминаи муҳими ҳамкории байналмилалӣ оид ба масоили мубрами назария, қонунгузорӣ ва амалияи муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир мусоидат намуд.



