Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тарбия аз оилаи сарчашма мегирад» Озмуни ҷумҳуриявиро эълон менамояд.
Мақсади иҷрои «Барномаи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» баро беҳтарин маводи назмию насрӣ вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ ва тарбияи фарзандонро таҳти унвони «Тарбия аз оилаи сарчашма мегирад» озмун эълон шуд.
Озмуни мазкур бо мақсдаи ҷалби ҷомеа хусусан ҷавонону наврасон ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт эҷодкорию суханварӣ тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастию, пешигирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мутобиқи банди 4-и нақшаи амал барои солҳои 2024-2026 «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» роҳандозӣ гардидааст.
Озмун аз рӯйи номинатсияҳои мазкур:
-Беҳтарин маводи назмӣ (шеър, ғазал, достон, қасида ва ғайра)
-Беҳтарин маводи насрӣ (ҳикоя, мақола, очерк ва ғайра) баргузор мегардад.
Дар озмун шахсони синну сол ва касбу кори гуногундошта иштирок карда метавонанд.
Иштирокчиён дар ҷараёни Озмун бояд нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатномаи таваллуд пешниҳод намоянд.
Хоҳишмандон метавонанд маводҳои назмию насрии хешро (бо тақриз) то 10 ноябри соли 2024 ба Кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.
Кумитаи тадорукот ва ҳайати ҳакамон маводҳоро таҳлилу баррасӣ намуда, хулосаи хешро манзур мекунанд. Ҷамбаст ва маросими мукофотсупорӣ моҳи декабр баргузо мегардад.
Беҳтарин маводи назмӣ
Ҷойи якум-1адад
Ҷойи дуюм-2 адад
Ҷойи сеюм-3 адад
Беҳтарин маводи насрӣ
Ҷойи якум-1адад
Ҷойи дуюм-2 адад
Ҷойи сеюм-3 адад
Талабот ба Озмун:
Маводҳо дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа чопӣ, бо ҳуруфи (Times new Roman tj) бо андозаи 14 тавассути почтаи электронии (ittiloot@comvom.tj) ирсол намоянд.
Нишони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734013, шаҳри Душанбе, кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо -3
ТАМОС: (837) 2231706, 985551150