
Дар доираи чорабиниҳои пеш аз даъватӣ ва бо мақсади сифатан хуб ба роҳ мондани ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонписарони солиму бардам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ҳафтаи равон дар толори асосии Вазорати мудофиа таҳти роҳбарии муовини сарвазири мамлакат-раиси комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ ва бо иштироки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа нахуст Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар робита ба ин, роҳбарияти Вазорати мудофиа доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оид ба вазъи ноустувору зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ибрози назар карда, изҳор дошт, ки дар чунин як шароити бисёр ҳассоси минтақа ва ҷаҳон ҳар як фарди низомиро мебояд, ки аз ҳарвақта дида дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ, бо масъулияти баланд муносибат намоянд ва баҳри боз ҳам тақвият бахшидани тамоми самту соҳаҳои Артиши миллӣ, ки ба сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани иқтидори мудифиавии мамлакат таъсири бевосита мерасонад, ҷаҳду талош намоянд.
Ҳамзамон, дар рафти ҷаласаи мазкур Сарпрокурори ҳарбӣ ва дигар масъулини ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар навбати худ баромад намуда, оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, коҳиш додани сатҳи содиршавии ҳама гуна ҷиноят ва диққати аввалиндараҷа зоҳир намудан ба сифати даъвати шаҳрвандон, таклифу пешниҳоди мушаххасро ироа намуданд.
Дар идомаи ҷаласа муовини сарвазири мамлакат-раиси комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ, барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдошта, супориш дод, ки масъулини комиссияҳои даъватӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳамоҳангӣ намуда, баҳри сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамкориро бо мардум, ҷавонони сини даъватӣ, волидони онҳо ва дигар афроди некбини ҷомеа ҷоннок намоянд ва дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои ташвиқотиву тарѓиботиро дар самти бедор намудани эҳсоси худогоҳиву худшиносии миллӣ, зарурияти хизмати ҳарбӣ ва адои вазифаи ҷавонмардӣ боз ҳам тақвият бахшанд.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковник