
9 июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, дар ноҳияи И. Сомонии пойтахт ба оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд. Маҷмааи IT-Hub Dushanbe аз Мактаби IT, It Park, Маркази тиҷоратии технологияҳои иттилоот ва Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ иборат мебошад. Он баҳри рушди иқтисоди рақамӣ, густариши технологияҳои муосир, ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ равона гардида, ташкили муҳити нави инноватсионӣ ва рақамӣ дар кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.
Ҳамчунин давоми рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мазкур аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 150 кормандони илмӣ хизмат менамояд.



