
Имрӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шабакаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон (CALENTIP) ба кори худ шурӯъ кард. Нишасти мазкур, ки тайи ду рӯз (22–23 июн) идома мекунад, бо дастгирии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад.
Дар чорабинӣ намояндагон ва ҳамоҳангсозони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд. Мақсади аслии ҷаласа таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, мубодилаи иттилооти фаврӣ ва усулҳои нави тафтишоти ҷиноятҳои трансмиллӣ, инчунин таъмини ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни хариду фурӯши одамон мебошад.
Моҳираи Иброҳим



