Имрӯз, 08 июл дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нишасти хабарӣ дар мавриди фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид. Таъкид шуд, ки дар шашмоҳаи соли 2026 зиёда аз 30 созишномаи ҳамкорӣ бо созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ ба имзо расидааст. Ҳамчунин дар ин давра 106 ба курсҳои омӯзишӣ дар хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд. Бо Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳамкориҳо дар сатҳи хуб қарор дошта, то хуб будани вазъият то 40 — 45 табиб ба ин кишвар барои гирифтани таҷриба равон карда мешуданд.
Шарифиён Абдурофеъ, Овози тоҷик.



