Дар Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси муассиса Сайфиддин Давлатзода зимни нишаст фаъолияти нимсолаи муассисаро натиҷагирӣ намуда, иброз дошт, ки дар ин давра шаҳрвандони Тоҷикистон 12 рисолаи илмии худро дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии хориҷи кишвар ҳимоя кардаанд. Аз ҷумла, 2 рисола дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 2-то дар Қирғизистон, 2-то дар Олмон, 2-то дар Чин ва яктоӣ дар Ирландия, Русия, Либия ва Туркия ҳимоя шудааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки муассиса дар ҳамкорӣ бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон моҳи феврали соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалиро таҳти унвони «Тамоюлҳои рушди илм дар шароити рақамикунонӣ ва ҷаҳонишавӣ» баргузор намуд. Дар кори он олимону коршиносони ватанию хориҷӣ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими рушди илм маъруза ироа карданд.
Зимни нишаст таъкид гардид, ки ҳамаи маводҳое, ки аз манбаъҳои беруна истифода мешаванд, дар сомонаи расмии муассиса ҳатман бо зикри сарчашмаи аслӣ ва истинод ба манбаи иттилоотӣ нашр мегарданд.Дар анҷоми нишаст роҳбарияти муассиса инчунин доир ба дигар самтҳои фаъолият, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои марбут ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар дохил ва хориҷи кишвар андешаронӣ намуд.
Нилуфари Нуриддин
Радиои «Овози тоҷик»



