Раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, » хидматрасонии Starlink дар Тоҷикистон дар сатҳи хуб аст».
Исфандиёри Саъдуллоҳ дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбариаш дар посух ба пурсише дар робита фаъолияти Starlink дар Тоҷикистон ба ин нукта таъкид кард.
Ба гуфтаи ӯ, «фаъолияти ин платформаи нав дар кишвар ба таври назаррас аст».
Раиси Хадамоти алоқаи кишвар гуфт, «дар ин замина барои истифодаи мустақилонаи шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида мешавад».
Фаъолияти Starlink аз 5 феврали имсол расман дар Тоҷикистон оғоз шуд. Ин платформ имконоти истифодаи хадамоти моҳвораиро барои сокинони Тоҷикистон медиҳад.
Бахтовари Шарифӣ, радиои «Овози тоҷик»



