Имрӯз, 08-уми июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 8 июл- Рӯзи маъюбон мизи мудаввар доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагиии Хазинаи нуфузи СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Эри Двиведи, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода зимни ифтитоҳи мизи мудаввар иброз дошт, ки мутобиқ ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 ҳамасола дар ҷумҳурии мо 8 июл Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад. Мақсад аз эълон доштани ин рӯз ва ба таври анъанавӣ қайд кардани он — ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷамъият, сохторҳои давлатӣ, ташкилоту идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои маъюбӣ буда, чорабиниҳои доиргардида барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ва шароити арзандаи зиндагии онҳо мусоидат хоҳад кард.
Тавре гуфта шуд, мувофиқи маълумоти омори расмии кишвар ба ҳолати 1 июли соли 2026 шумораи шахсони маъюбиатдошта дар ҷумҳурӣ ба 172394 нафар расидааст.
Дар ин замина, қайд гардид, ки масъалаҳои таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии осебпазир, бахусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба шумор рафта, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон ва ба таъминоти иҷтимоӣ алоқамандро эътироф намуда, дар ҷумҳурӣ оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Тавре маълум аст, 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба хуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шудааст. Баҳри амалишавии муқаррароти конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024” ва “Барномаи давлатии “Муҳити дастрас” ба тасвиб расидаанд.
Соли ҷорӣ рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо» ҷамъбаст гардида, дар партави амалишавии чорабиниҳои банақшагирифташуда даҳҳо чорабиниҳои дахлдори алоқаманд ба тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва таъмини дастрасии онҳо ба таҳсилот, меҳнат, хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, анҷом дода шудаанд.
Яке аз талаботҳои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ин мутобиқсозии қонунгузории марбута ба муқаррароти конвенсия мебошад. Дар партави ин талабот 17 июни соли 2026 таҳти №2278 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта” қабул карда шуд.
Бо изҳори умедворӣ қайд карда шуд, ки дар оянда низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои маъюбият, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо тамоми чорабиниҳои зарурӣ андешида шуда, вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо беҳтар карда мешаванд.



