Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти рушди саноати металлургияи сиёҳ, истеҳсоли семент, оҳак, шиша ва татбиқи технологияҳои муосир баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо чунин ширкатҳои пешсафи ҷаҳон, аз ҷумла корхонаи ММС Капитал Энҷиниринг ва Ресорс Ин Корпорейшн, имкон фароҳам меорад, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти металлургияи сиёҳ, семент ва оҳаку шиша бо технологияҳои муосир рушд намояд, содироти маҳсулоти саноат афзоиш ёбад, ҷойҳои корӣ муҳайё гарданд ва рақобатпазирии саноати миллӣ баланд бардошта шавад.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.



