9 июли соли 2026 бо мақсади натиҷагирии фаъолияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои давраи минбаъдаи фаъолият, ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарияти Агентӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои низоми Агентӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти соҳавӣ, натиҷаҳои бадастомада дар нимсолаи якуми соли 2026, қадамҳои минбаъдаи рушд ва пешниҳодҳо ҷиҳати тақвияти самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифта, самаранокии фаъолияти Агентӣ ҳамаҷониба таҳлил карда шуд.
Ҳамзамон, ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохторӣ шунида шуда, таклифу пешниҳодҳои мушаххас оид ба такмили фаъолият ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳавӣ ироа гардиданд.
Дар асоси муҳокимаҳо, аз ҷониби роҳбарият ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолият Агентӣ ва таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас вогузор карда шуданд.



