Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе давоми нимсолаи якуми соли 2026 нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ мусбат арзёбӣ гардиданд. Дар ин хусус раиси ноҳияи Шоҳмансур Сафар Маҳмадшо зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи аввали соли равон иттилоъ дод.
Таъкид гардид, ки нақшаи ҷамъоварии даромадҳои буҷети давлатӣ 141 фоиз ва қисми даромади буҷети маҳаллӣ 120 фоиз таъмин гардидааст. Ба буҷети давлатӣ беш аз 1 миллиарду 74 миллион сомонӣ ворид шудааст.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, дар ҳудуди ноҳия 174 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, фаъолияти соҳибкорӣ рушд мекунад. Дар соҳаи маориф 40 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 30 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, беш аз 62 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур корҳои ободониву созандагӣ, бунёду навсозии иншооти иҷтимоӣ ва беҳтарсозии инфрасохтор бо маром идома доранд.



