Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нимсолаи аввали соли 2026-ро бо нишондиҳандаҳои баланди иқтисодию иҷтимоӣ ҷамъбаст намуд. Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳия Кодирзода Руслан Раҷаб, дар ин давра ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисодиёти ноҳия ба беш аз 1 миллиарду 537 миллион сомонӣ расида, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 901,4 миллион сомониро ташкил дод.
Дар баробари рушди иқтисодӣ, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ҳудуди ноҳия 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 35 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд. Хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, 1137 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ҳамчунин, дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ба ниёзмандон зиёда аз 949 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шуда, дар нимсолаи аввал беш аз 6 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъкид менамоянд, ки рушди иқтисодӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ноҳия ба ҳисоб меравад.



