Дар доираи қонуни авф то ба имрӯз 8008 зиндонӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шудаанд, ки аз инҳо 136 нафар ноболиғ мебошанд. Дар ин бора, имрӯз Музаффар Ашӯриён вазири адлияи кишвар зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки Қонуни авф бахшида ба 35 солагии Истиқлоли Тоҷикистон аз тарафи Пешвои миллат имзо гардид ва қарор аст 18 ҳазор нафар мувофиқи ин қонун озод ва ё муҳлати адои ҷазояшон кам карда шавад.
Шарифиён Абдурофеъ, Овози тоҷик



