Дар нишасти матбуотӣ Раиси Суди Олӣ Мирзозода Рустам Пираҳмад оид ба натиҷаи фаъолияти ҳокимияти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 иброз намуданд, ки тибқи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо вазифаҳои ҳокимияти судӣ аз ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа иборат буда, дар ин самт корҳои муайяне амалӣ карда шудаанд. Бо мақсади амалисозии «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2030» ва иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаи мазкур, судяҳои ҷумҳурӣ дар як қатор ҷамоату шаҳракҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шаҳрвандон вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, мазмуну муҳтавои Конститутсия, қонунҳои кишвар, аз ҷумла Қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва дигар қонунҳои амаликунанда, дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро фаҳмонданд. Инчунин, бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 бармеоянд ва бо дарназардошти он, ки солҳои 2025- 2030 ‘»Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд, роҳбарияти Суди Олӣ тасмим гирифтааст, ки фаъолияти худро пурра ба низоми рақамӣ — барномаи махсуси E-COURT» ва рушди экосистемаи рақамии судӣ амалӣ гардонад.
Нилуфари Нуриддин, радиои » Овози тоҷик»



