Зимни суҳбат ҳисоботи Раиси вилоят доир ба рафти бартарафсозии пасомадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Рӯшон шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супориш доданд, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори ҳокимияти марказии кишвар дар муҳлати 1 моҳ оқибатҳои сели шадид дар ноҳияи Рӯшонро пурра бартараф намуда, ба мардуми осебдида барои барқарорсозии манзилҳои зист ва дигар иншооти маишӣ кумаки фаврӣ расонанд.
Таъкид гардид, ки супоришҳои дахлдор ба Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони мақомоти масъули ҷумҳуриявӣ низ дода шуда, рафти корҳои барқарорсозӣ таҳти назорати бевоситаи Роҳбари давлат қарор дорад.



