Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 ҳамкориҳои байналмилалии худро густариш дод. Дар ин бора ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, донишгоҳ барои ворид шудан ба раддабандиҳои байналмилалии QS ва Times Higher Education омодагӣ мебинад ва ба пойгоҳи илмии байналмилалии Scopus шомил шудааст. Дар доираи барномаҳои табодули академӣ 26 донишҷӯ ба муассисаҳои олии Беларус, Кореяи Ҷанубӣ ва Қазоқистон фиристода шуданд.
Ҳамчунин, бо мақсади омӯзиши забонҳои хориҷӣ беш аз 50 омӯзгор ва беш аз 500 донишҷӯ ба омӯзиши забони англисӣ ҷалб гардидаанд. Айни замон дар донишгоҳ 350 донишҷӯи хориҷӣ аз 8 кишвари ҷаҳон таҳсил менамоянд.
Дилнозаи Абдумалик, радиои «Овози тоҷик»



