Дар доираи нишасти матбуотӣ намояндагони Кумитаи андоз фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026-ро ҷамъбаст намуданд.
Раиси Кумитаи андоз Аюбҷон Солеҳзода оид ба иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва татбиқи технологияҳои рақамӣ маълумот пешниҳод кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда, иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ба андозаи 123,3% таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 17 млрд. 402,5 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 3 млрд. 292,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ӯ афзуд: “Дар давраи ҳисоботӣ, иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ВМКБ ба андозаи 100,2%, вилоятҳои Хатлон — 103,0%, Суғд — 106,3%, шаҳри Душанбе — 126,7%, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ дар маҷмуъ — 109,4% ва Раёсати андози андозсупорандагони калон — 141,6% таъмин карда шуд”.
Таъкид гардид, ки Кумитаи андоз барои баланд бардоштани сатҳи шаффофият, содда намудани расмиёти андозбандӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Фарзона Сафарова, Овози тоҷик



