29 июли соли 2026 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Беларус мулоқоти муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо муовини вазири молияи Ҷумҳурии Беларус Павел Лемех баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ҷиҳати омода намудани Меморандум дар бораи ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистону Беларус ба мувофиқа расиданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои иҷрои корҳои муштараки назаррас дар доираи созишномаҳои нав изҳор доштанд



