Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Иброҳимов ва муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдар Усмон суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо барои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, барқарор намудани робитаҳои мустақим миёни соҳибкорони ду кишвар ва афзоиши гардиши савдои мутақобила заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар доираи чорабинӣ намояндагони зиёда аз 100 ширкати истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсулоти худро ба намоиш гузошта, бо соҳибкорони тоҷик мулоқотҳои мустақим анҷом медиҳанд. Интизор меравад, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳо як қатор созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.
Моҳираи Иброҳим «Овози тоҷик»



