Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Испания, дар давоми як шабонарӯз ҳудуди 49 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ ба шаҳри худмухтори Сеута, ки дар соҳили Африқо ҷойгир буда бо Марокаш ҳамсарҳад аст, ворид шудаанд.
Ба навиштаи Reuters, ин яке аз бузургтарин мавҷҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Сеута дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.
Сарвазири Италия Ҷорҷа Мелонӣ ин вазъиятро «таҳдиди воқеӣ ба амнияти марзҳои Аврупо» номида, изҳор дошт, ки Рим масъалаи муваққатан боздоштани амалкарди Созишномаи Шенген бо Испания-ро баррасӣ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Италия омода аст барои ҳифзи марзҳо ва амнияти шаҳрвандон чораҳои иловагӣ андешад.
Вазири корҳои хориҷии Италия Антонио Таяни низ аз ин мавқеъ ҷонибдорӣ намуда, гуфт муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва идоранашаванда ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад. Ӯ инчунин аз қарори ҳукумати Испания дар бораи қонунигардонии садҳо ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ интиқод кард.
Вазири корҳои хориҷии Испания Хосе Мануэл Албарес изҳороти ҳамтои итолиёии худро «номуносиб» арзёбӣ карда, гуфт аз як кишвари шарик ҳамбастагии аврупоӣ интизор аст, на баҳсҳои сиёсӣ. Ӯ инчунин хабар дод, ки сафири Италия ба Вазорати корҳои хориҷии Испания даъват мешавад.
Дар ҳамин ҳол, сарвазири Испания Педро Санчес гуфт, ки ҳукумат тамоми захираҳои заруриро барои вокуниши фаврӣ сафарбар кардааст. Вазорати корҳои дохилии кишвар низ нерӯҳои иловагии низомиро барои таъмини амният ба Сеута фиристод.
Мақомоти маҳаллӣ аз ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодаи башардӯстона ва иҷтимоӣ дар Сеута хабар медиҳанд. Ба иттилои Гвардияи шаҳрвандии Испания, ҳадди ақал 18 нафар ҳангоми кӯшиши расидан ба соҳили Испания тавассути шиноварӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Масири муҳоҷират тавассути шаҳрҳои испании Сеута ва Мелиля, ки дар қаламрави Африқо ҷойгиранд, яке аз роҳҳои асосии расидани муҳоҷирони африқоӣ ба Аврупои Ғарбӣ маҳсуб мешавад. Марокаш барои бисёре аз онҳо кишвари транзитӣ ба ҳисоб меравад.



