2 сентябри соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро таҳти унвони «Ҷузъиёти баргузории Конфронси СММ оид ба арзёбии фарогири ниҳоии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал“Об барои рушди устувор”, 2018–2028» бо иттифоқи оро қабул намуд. Маҷмаи Умумии СММ ба ин васила тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро, ки дар Душанбе рӯзҳои 4 -6 майи 2028 баргузор мегардад, расман тасдиқ кард.
Қабули қатъномаи мазкур марҳилаи муҳимро дар раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси оби СММ – 2028 ташкил дода, он ҳамчун иқдоми калидӣ дар ташаккули марҳилаи минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об дар арафаи анҷомёбиии Даҳсолаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Яке аз вежагиҳои қатъномаи қабулшуда қарор дар бораи таъйини санади ниҳоии Конфронси оби СММ – 2028зери унвони «Чочӯби оби Душанбе» мебошад, ки батаъмини чаҳорчӯбаи ягона ҷиҳати идомаи фаъолиятҳоимарбут ба об пас аз анҷоми Даҳсолаи байналмилалӣ равона шудааст. Мавриди зикри хос аст, ки тариқи санади мазкур Маҷмаи Умумӣ дар таърихи ҳамоҳангии ҷузъиёти конфронсҳои оби СММ бори нахуст ҳам қабули санадиниҳоии байниҳукуматӣ ва ҳам таъйини заминаи таъсиси чаҳорчӯбаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обро эътироф намуд. Биноан, кишварҳои узв тариқи музокироти пешакӣ ҳуҷҷати махсуси байниҳукуматиро ҳамчун санади ниҳоии Конфронс бо иттифоқи оро ҳамоҳанг ва таҳия хоҳанд намуд.
Қатънома, инчунин аз Раиси Маҷмаи Умумӣ тақозо менамояд, ки ду ҳамраисро аз миёни кишварҳои узви СММ барои роҳбарӣ кардани машваратҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳуҷҷати ниҳоии Чаҳорчӯбаи оби Душанбе таъйин намояд.
Боиси зикр аст, ки ҳадафи асосии «Чочӯби оби Душанбе», ки ахиран аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, дастгирӣ ва тақвияти минбаъдаи ҳамкории байналмилалии дар соҳаи об тавассути роҳнамоии кишварҳои узв ва ҷонибҳои манфиатдор баҳри беҳтар намудани татбиқи амалии чораҳои банақшагирифташуда, сафарбар кардани шарикӣ ва суръат бахшидан ба пешрафт дар самти расидан ба ҳадафҳои марбут ба об мебошад.
Дар ин санад инчунин қарор оид ба барпо намудани ҷаласаи сатҳи баланд ба мақсади омодагии муассир ба Конфронси мазкур дар соли 2027 дар қароргоҳи СММ, ш. Ню Йорк қабул карда шудааст.
Дар ин замина, Конфронси оби СММ – 2028 дар Душанбе метавонад на танҳо марҳилаи ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалӣ, балки масири наве ба сӯи ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об бошад. Ин ҳамоиши муҳимбо такя ба таҷриба ва сабақҳои Даҳсолаи байналмилалии об метавонад ба ташаккули заминаи муштарак ҷиҳати идомаи амалҳо дар соҳаи об мусоидат намуда, ба чолишҳои кунунӣ ва ояндаи соҳаи об посухгӯ бошад.
Қатъномаи Маҷмаи Умумӣ инчунин қарор мекунад, ки мавзуъҳои муколамаҳои интерактивӣ Конфронс зери унвонҳои (а) Об барои мардум; (б) Об барои шукуфоӣ; (в) Об барои сайёра; (г) Об барои ҳамкорӣ; (д) Об дар равандҳои бисёрҷониба; ва (е) Сармоягузорӣ ба соҳаи об, тасдиқ шуда, ҳар як муколамаи интерактивӣ аз ҷониби ду ҳамраис, ки қаблан аз тарафи кишвари мизбони Конфронс таъйин мешаванд, роҳбарӣ карда шавад.
Бешубҳа, қабули қатъномаи мазкури Маҷмаи Умумии СММ бори дигар гувоҳи эътирофи аҳаммияти ҷаҳонии ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, алалхусус «Чорчӯби оби Душанбе» аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.



