Ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид.
Тарҷумаи асарҳои маъруфу мондагор ба забонҳои хориҷӣ дар пайравӣ ба талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳёи фарҳанги бостонӣ ва тамаддуни миллати тоҷик рӯи даст гирифта шудааст.
Таърихшиносону шарқшиносон аз Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, ИМА ва Ватикан дар тақризҳои навиштаи худ тарҷумаи китобро ба забони олмонӣ, ки яке аз забонҳои муҳими илмӣ мебошад, иқдоми саривақтӣ ҳисобида, онро дар шинохти таъриху тамаддуни қадимаи миллати тоҷик нақшофар арзёбӣ кардаанд. Таъкид шудааст, ки тарҷумаи олмонии китоби “Тоҷикон” доираҳои илмӣ ва маъхазҳои шарқшиносии кишварҳои Ғарбро боз ҳам ғанӣ гардонида, ба ташаккули афкори илмӣ нисбат ба таъриху тамаддуни тоҷикон ва дигар халкҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби дипломати тоҷик Соҳибназар Ғайратшо Қаноатшо ба забони олмонӣ тарҷума ва мураттаб шуда, дар нашриёти олмонии “Ферлаг Восток Берлин” ба табъ расид.



