Дар вилояти Хатлон ба рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду ба истифода додани садҳо иншооти нави таълимӣ ва томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти нақшаи сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дар вилояти Хатлон барои соли 2026, дар маҷмуъ 210 муассисаи таълимӣ бунёд ва ба истифода дода мешавад. Аз ин шумора, то 1 августи соли 2026-ум 55 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуда, 155 муассисаи дигар бояд то 1 январи соли 2027 ба истифода дода шаванд.
Муассисаҳои таълимии мазкур дар маҷмуъ барои 54 ҳазору 674 ҷойи нишаст (дар як баст) пешбинӣ гардидаанд. Ин иқдом барои фароҳам овардани шароити беҳтари таълим, зиёд намудани ҷойҳои нишаст ва коҳиш додани мушкилоти вобаста ба норасоии ҷой дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, дар самти таҳсилоти томактабӣ низ корҳои созандагӣ идома дошта, соли 2026 дар вилояти Хатлон сохтмон ва ба истифода додани 80 муассисаи томактабӣ пешбинӣ шудааст. То 1 августи соли ҷорӣ 34 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки аз онҳо 5 кӯдакистон ва 29 маркази инкишофи кӯдакон мебошанд.
То охири соли 2026 бошад, бунёди боз 46 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 36 кӯдакистон ва 10 маркази инкишофи кӯдакон, ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмуъ, ин муассисаҳо барои 15 ҳазору 411 кӯдак имкони фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабиро фароҳам хоҳанд овард.
Ҳамин тариқ, дар доираи нақшаи соли 2026 дар вилояти Хатлон 290 иншооти таълимиву томактабӣ — 210 муассисаи таълимӣ ва 80 муассисаи томактабӣ — бунёд ва ба истифода дода мешаванд. Ин тадбирҳо дар маҷмуъ барои фароҳам овардани 54 ҳазору 674 ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ва 15 ҳазору 411 ҷой барои кӯдакони синни томактабӣ равона гардидаанд.
Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои насли наврас аҳамияти муҳим дорад. Дар вилояти Хатлон низ ин раванд дар доираи корҳои созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъати тоза гирифтааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон



