9 сентябри соли 2026 вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини Дабири кулл, Намояндаи олии Иттиҳоди тамаддунҳои СММ (UNAOC) Мигел Моратинос баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNAOC, ба вежа амалисозии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмонро оид ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036” баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон вобаста ба дурнамои иқдомоти муштарак дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла ташкили конфронси байналмилалии сатҳи баланд ба мақсади оғоз бахшидан ба Даҳсолаи байналмилалии болозикр ва пешбарии минбаъдаи рӯзномаи фарҳангӣ сулҳ табодули ақида намуданд.



