14 сентябри соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо роҳбарияти ширкати Кореяи Ҷанубӣ LS MnM Inc. мулоқот анҷом дод.
Мулоқот дар доираи иштироки Шералӣ Кабир дар нахустин вохӯрии вазирони саноат дар қолаби «Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ C5+1» баргузор гардид.
Зимни музокирот ҷонибҳо дурнамои ҷалби сармоя ба рушди бахши маъдану ашёи хоми Тоҷикистон, тавсеаи коркарди амиқи ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашударо баррасӣ намуданд. Ба имкониятҳои татбиқи марҳилавии лоиҳаҳои муштарак, табодули иттилоот ва рушди ҳамкории тиҷоратӣ дар соҳаҳои ба ҳам алоқаманди коркард таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар натиҷаи мулоқот Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати LS MnM Inc. Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд. Ёддошти тафоҳум самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳоро муайян намуда, омӯзиш ва таҳияи муштараки ташаббусҳои сармоягузорӣ дар бахши маъдани Тоҷикистон, рушди истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда ва роҳандозии самтҳои нави коркардро дар бар мегирад.
Ҷонибҳо ният доранд, ки механизмҳои зарурии тиҷоратию амалиётиро пайгирона ташаккул дода, дар баробари рушди шарикӣ лоиҳаҳои мушаххасро мавриди омӯзишу таҳия қарор диҳанд.
Ширкати LS MnM Inc. ба гурӯҳи ширкатҳои LS Group шомил буда, ба гудозиш ва тозакунии металлҳои ранга, инчунин истеҳсоли металлҳо ва маводи саноатӣ тахассус дорад. Ба номгӯйи маҳсулоти ширкат миси электролитӣ, металлҳои қиматбаҳо ва нодир, инчунин мавод барои саноати аккумуляторсозӣ ва нимноқилҳо дохил мешаванд.
Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум қадами амалӣ дар самти рушди ҳамкории саноатию сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба ҳисоб меравад. Самтҳои муайяншуда ба афзалиятҳои қолаби C5+1, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои дорои аҳаммияти стратегӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, мутобиқат менамоянд.



