
Ба иттилои Вазорати саноат ва техналогияи нави ҶТ, соли 2024 ҳаҷми маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда ба 53,8 млрд сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2023-ум 20 фоиз ё ба маблағи 7,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 3774 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли 2023 ба ҳаҷми 330 корхона зиёд мебошад. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, дар ин давра дар кишвар 740 корхонаҳои нав бунёд гардида, дар маҷмӯъ 18193 ҷойи кории нав эҷод шудаанд. Барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо идома дорад. Бинобар ин, вазорат дар ин давра дар доираи сафари сатҳи баланд ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба саноати кишвар 12 созишнома дар ин соҳа ба имзо расидондааст. Аз ҷумла бо Русия, Ӯзбекистон, Италия Туркия, Чин.