Дар идомаи сафари ҳайати рӯзноманигорон ва хабарнигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз эшон аз Намоишгоҳи ҳаво-фазои Теҳрон боздид намуданд. Дар ин бора хабарнигории радиои » Овози тоҷик» Малвина Хушқадам хабар медиҳад.
Дар ин намоишгоҳ тавонмандиҳои Эрон дар ҳавзаи мухталифи мушакӣ, падофанди ҳавоӣ, амалиёти ҳавоӣ ва фазоӣ гузошта шуданд.
Зимни муаррифии тавонмандиҳои мушакии Эрон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки Эрон аз лиҳози қудрати мушакӣ ҷузъи се кишвари аввали дунё маҳсуб меёбад.
Зимни боздиди хабарнигорон аз ин намоишгоҳ аввалин бесарнишин, ки ҳанӯз чил сол қабл дар ин кишвар сохта буданд манзури эшон гардид.
Ҳамзамон хабарнигорон ба дигар ҷузъиёти тавоноиҳои ин соҳа маълумоти мушаххас пайдо намуданд.