
Имрӯз, 15 — уми январ дар доираи сафари давлатии Масъуди Пизишкиён, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсӣ Нишасти муштараки соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид. Дар доираи нишаст 170 соҳибкор аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 270 соҳибкори мо ширкат намуданд. Зимни сухани ифтитоҳӣ Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон иброз намуд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати коркарди сурма ва истеҳсолот дар чахон мақоми 3-юмро ишғол мекунад. Доктор Солеҳи Амирӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни суханронӣ бештар ба тақвияти хамкорихои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши сайёҳӣ ибрози назар намуд. Зимни нишаст намояндагони бахши хусусӣ ва соҳибкорону сармоягузорони ду давлат дар формати соҳибкор бо соҳибкор мулоқот менамоянд. Меҳмонондар поёни нишаст аз корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан менамоянд.
Дар акс Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон