16 сентябри соли 2026 дар шаҳри Масқат мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири адлия ва масъалаҳои ҳуқуқии Салтанати Умон доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Саид Ас-Саидӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Умонро дар соҳаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқ, ҳамчунин дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мавриди баррасӣ қарор доданд.



